Март 14, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Полис мегӯяд, ин дувумин ҳодисаи инфиҷори машкук дар Қурғонтеппа аз ибтидои сол будааст.
    Полис мегӯяд, ин дувумин ҳодисаи инфиҷори машкук дар Қурғонтеппа аз ибтидои сол будааст.

Нигаҳбони мактаби тезҳушон дар шаҳри Қурғонтеппа бар асари инфиҷори маводи мунфаҷира дар маҳалли кори худ кушта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар маҳалли марги Ҳасанбой Раҳмонови 67 сола осори маводи мунфаҷира мушоҳида шудааст ва акнун кормандони полиси маҳаллӣ саргарми таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса ҳастанд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо радди овозаҳо дар заминаи ин инфиҷор гуфтаанд, ки иллати вуқӯи ин ҳодисаро пас аз поёни таҳқиқ эълом хоҳанд кард.

Мактабии тезҳушони Хатлон рӯ ба рӯйи сохтмони додситонӣ ва додгоҳи низомии ин вилоят воқеъ шудааст.

Хабаргузории русии “Спутник” бо истинод ба манобеаш дар идораи полиси шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон муддаӣ шудааст, ки ин ҳодиса амалиёт интиҳорӣ будаву Ҳасанбой Раҳмонов бо дуздии маводи кимиёӣ аз синфхонаҳои кимиё ва физикаи мактаби тезҳушон, василаи ин инфиҷорро сохта буд.

Мақомоти полиси маҳаллӣ мегӯянд, ки ин дувумин ҳодисаи инфиҷори машкук дар шаҳри Қурғонтеппа аз ибтидои имсол будааст.

 

Барчасп