Март 14, 2017 11:10 Asia/Dushanbe
  • Талош барои коҳиши талафоти барқ
    Талош барои коҳиши талафоти барқ

Дар пайи ҳадаррафти 16 дарсадии барқи тавлидӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016, мақомоти тоҷик талош мекунанд 10 дарсади талафи барқро дар ин кишвар коҳиш диҳанд.

Ба гузориши манобеи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, танҳо дар соли 2016 талафи барқ дар шабакаҳои марбут ба ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба 2 миллиарду 700 миллион киловат соат ва 16 дарсади барқи тавлидии ин кишвар расидааст.

 Бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ- обӣ бо собиқаи хидмати беш аз 50 то 60 сол, таъвизи хатҳои интиқоли энержӣ ва истифода аз фанновариҳои пешрафта аз иқдомоте аст, ки барои коҳиши талафи барқ дар Тоҷикстон то соли 2030 дар авлавияти иҷро қарор гирифтааст.

 Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон бо ҷазби манобеи ниҳодҳои молии байналмилалӣ талош мекунад, ки бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ - обиро дар солҳои оянда ба поён расонад.

Бар асоси ин барнома, дар сурати беҳинасозии масрафи барқ ва бакоргирии фановариҳои ҷадид ва лампҳои каммасраф дар Тоҷикистон, заминаи сарфаҷӯии солонаи 500 миллион киловат соат барқ дар ин кишвар фароҳам хоҳад шуд.

 

Барчасп