Март 14, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Наврӯз ҷашни эътидолу ҳамгароӣ

Ҳамон тавр, ки иттилоъ доред ҳафтаи гузашта сафирон ва намояндагони бархе кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар як нишасте бо хабарнигорони тоҷик дар бораи Навруз, фалсафаи ин ҷашни бостонӣ ва эътидолу ҳамгароӣ изҳори назар карданд. Дар ин ҳамойиш аксари суханронон Наврӯзро беҳтарин фурсат ва ҷашнӣ мардумӣ барои ривоҷи эътидол дар ҷавомеи башарӣ ва густариши фарҳанги ҳамгироии ақвоми мухталиф арзёбӣ карданд.

Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ-сафири ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба ибрози тамоюли бархе кишварҳои ҷаҳон назири Чин, Танзания, Кения ва Муғулистон барои пайвастан ба қофилаи Наврӯзи ҷаҳонӣ гуфт: Ин тамоюл нишон медиҳад, ки паёми эътидол ва инсонии Наврӯз бо ҳиммати аҳли қалам ва расона дар ҳоли оламгир шудан аст.

Абосалӣ Ҳасанов-сафири ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон низ ҷашнӣ Наврӯзро мардумитарин ҷашни роиҷ дар ҷаҳон ва солшумории онро аз назари илмӣ дақиқтарин солшуморӣ арзёбӣ кард. Сафири ҷумҳурии Озарбойҷон дар идома зимни ишора ба вижагиҳои ҷашни Наврӯз дар кишвари худ афзуд, ки бисёре аз суннат ва русуми ин ҷашнӣ бостонӣ ба таври пароканда дар кишварҳои гуногуни ҳавзаи тамаддунии Наврӯз ҳифз шудаанд ва мо бояд бо ҷамъоварӣ ва эҳёи дубораи расму ойинҳои наврузӣ бо кумаки якдигар ин ҷашнро такмил кунем.

Аҳмадфаҳим Кӯҳдоманӣ-дабири аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ бо ишора ба нақши калидии Навруз дар раванди ҳамгироии кишварҳои минтақа бар зарурати таъсиси расонаҳои муштарак ҷиҳати таблиғи арзишҳои ҷашнӣ Наврӯз ба дур аз тааллуқоти қавмӣ ва мазҳабӣ таъкид кард.

Абдулғаффори Камол-намояндаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам дар поёни ин нишаст аз намояндагони кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз хост, ки ба таври муштарак барои густариши фарҳангӣ Наврӯз дар ҷаҳон талоши бештаре харҷ кунанд.

Гуфтанист имсол ҷашни Наврӯзи байналмиаллӣ бо ҳузури намояндагони кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар ҳоли ҳозир омодагиҳо барои истиқболи ин ҷашнӣ бостонӣ дар Тоҷикистон ба шиддат идома дорад.