Афзоиши фишор ба бонувони боҳиҷоб дар шаҳри Душанбе
(last modified Wed, 15 Mar 2017 05:08:18 GMT )
Март 15, 2017 10:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фишор ба бонувони боҳиҷоб дар шаҳри Душанбе

Ду нафар аз бонувони сокини шаҳри Душанбе, ки барои муоинаи пизишкӣ ба дармонгоҳ рафта буданд, аз фишори кормандони полис барои бардоштани ҳиҷоби исломии худ хабар додаанд.

Ин ду зан ба хабаргузории “Азия плюс” гуфтаанд, ки дар саҳни ин дармонгоҳ худрави полис бо равшан кардани чароғи ҳушдор ва теъдоде маъмури интизомӣ, бо либоси шахсӣ мустақар буда ва аз бонувони ҳиҷобдор хостаанд, ки рӯсариҳои худро бардоранд.

Яке аз маъмурони полиси зан дар посух ба эътирози бонувони ҳиҷобдор таъкид кардааст, ки навъи пӯшиши онон бо фарҳанги миллии тоҷикӣ мутобиқ нест ва бояд рӯсариҳои худро тавре бипӯшанд, ки гардани онон бараҳна бошад.

Яке аз ин бонувон гуфтааст, ки дар дохили утоқи дармонгоҳ низ 4 полиси зан ва мард онҳоро водор кардаанд, ки наҳваи бастани рӯсариҳои худро тағйир диҳанд.

Маъмурони полис сипас лаҳазоте қабл ва баъд аз иҷрои дастур худро тасвирбардорӣ кардаанд.

Онон ҳамчунин дархости ин бонувонро барои ироаи мадорики шиносоӣ рад ва худро маъмурони ҳукуматӣ муаррифӣ кардаанд.

Хабаргузории “Азия плюс” барои равшан шудани ин моҷаро ба Вазорати дохилии Тоҷикистон муроҷиа кардаву аз мақомоти ин ниҳод тавзеҳ хостааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати дохилии Тоҷикистон ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ин иқдом ғайриқонунӣ будаву ин ниҳод танҳо ба таблиғи либоси миллии бонувон машғул аст.

Умарҷони Эмомалӣ гуфтааст, ки афроди даъвогар метавонанд бо шумораи телефони вижаи ин вазорат ва ё худи вазир тамос бигиранд.

Манзури мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз либоси миллӣ- ҳамон пӯшиши даврон Шӯравӣ аст, ки бахшҳое аз андоми занро, ки бар асоси шариати Ислом бояд пӯшида бошад, бараҳна мегузорад.