Конгресси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба таъхир афтод
-
Зоиров гуфтааст, ки барои саршумории аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба замони бештаре ниёз аст
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз таъхир дар замони баргузории Конгресси ин ҳизб дар баҳори соли 2017 хабар дод.
Ба гузориши сайти “Тоҷинфо”, қарор буд Конгресси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 18-уми марти имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар бораи замони дақиқи баргузории сездаҳумин конгресси ин ҳизб эъломи назар накардааст.
Зоиров гуфтааст, ки барои саршумории аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба замони бештаре ниёз аст ва ҳамин мавзӯъ сабаби таъхир дар сездаҳумин конгресси ин ҳизб шудааст.
Раиси ҲСДТ мегӯяд, ки дар ин нишаст роҷеъ ба дурнамои сиёсати ин ҳизб ва интихоби ҳайати раисаи он баҳсу табодули назар хоҳад шуд.
ҲСДТ дорои беш аз 7 ҳазор узв аст ва пеш аз ин аз аҳзоби мунтақиди ҳукумат маҳсуб мешуд, аммо дар ду соли ахир ва пас аз мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сотсиал-демократҳо фаъолияти сиёсии худро коҳиш додаанд.
Агарчӣ ба назар мерасад, фаъолиятҳои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таҳти таъсири фазои ташдиди фишор бар мухолифон дар ин кишвар қарор гирифта, аммо Раҳматуллоҳ Зоиров муътақид аст, бо барномарезии ҷадиду ислоҳот дар сохторӣ, ин ҳизб нақши фаъолтаре дар ҳаёти сиёсии ин кишвар бозӣ хоҳад кард.