Рубоии Ибни Сино ду сол ба зиндони Ёров афзуд
(last modified 2017-03-16T14:38:04+00:00 )
Март 16, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Рубоии Ибни Сино ду сол ба зиндони Ёров афзуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 23 сол зиндони қаблии Бузургмеҳр Ёров- вакили мудофеи ҳизби мамнӯъ шудаи наҳзати исломии ин кишвар, ду соли дигар изофа кард.

Ба гузориши сойти Ахбор, Додгоҳи олии Тоҷикистон бар асоси шикояти Рустам Тақдирзода-додситони парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов ва Ҳисомуддин Бобохонзода, қозии додгоҳи шаҳри Душанбе, Ёровро ба ду сол зиндони дигар маҳкум кард.

Тақдирзода ва Бобохонзода гуфтаанд, дар охирин ҷаласаи муҳокимаи онон дар додгоҳи Душанбе, дар моҳи октябри соли 2016 Ёров ба намояндаи додситонӣ ва қозӣ иҳонат кардааст.

Бо ин тасмим маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров ба 25 сол зиндон расид.

Додситони парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва қозии додгоҳи шаҳри Душанбе, бинои шикояти хешро хондани як рубоӣ аз Абуалӣ Сино, дар дифоияи ин вакили мудофеъ қарор додаанд, ки аз нигоҳи онон тавҳин ба намояндагони қонун ва давлат будааст.

Ёров дар дифоияи хеш ин рубоии Абуалӣ Синоро қироат кардааст:

Бо ин ду се нодон, ки чунон медонанд

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд

Хар бош дар ин ҷамоа к-аз фарти харӣ,

Ҳар ки-у на хар аст, кофираш мехонанд.

 

Барчасп