Март 18, 2017 13:34 Asia/Dushanbe
  • Муовини сарвазир хост облава бас шавад

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим гуфт, баъди даъвати тирамоҳӣ ба сабаби даст задан ба иҳотагирӣ ё «облава» ва ба аскарӣ бурдани ҷавонони бемор аз 73 комиссари низомии шаҳру ноҳия 51 нафарашро барканор кардаанд. Азим Иброҳим талаб кардааст, ки ба чунин усули ғайриқобили қабули даъвати ҷавонон ба артиш хотима диҳанд.

Ба иттилои сайти ахбор, Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон рӯзи 16 март дар як ҷаласаи кории марбут ба масъалаи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ дар «Кохи афсарон»-и вазорати дифоъ ба комиссарҳои ҳарбии шаҳру ноҳия амр додааст, ки ба даъвати ҷавонони бемор ба хидмат ва истифода аз усули иҳотагирӣ, к ибо номи «облава»и маъруф аст, хотима диҳанд.

Муовини сарвазир гуфтааст, новобаста аз он, ки даъвати тирамоҳӣ 13 рўз қабл аз муҳлати муқарраршуда ба анҷом расида бошад ҳам, мутаассифона, баъзан падидаҳои номатлуби бо тарзи иҳотагирӣ даъват кардани ҷавонон барои адои қарзи фарзандии хизмат ба Ватан ба чашм мерасид, ки ин ба талаботи муосир ҷавобгўй намебошад.

Бо ин ҳол, як мояи нигаронии волидони ҷавононе, ки ба хидмат мераванд, вазъ дар дохили артиш аст. Ҳоло дар додгоҳи низомии Душанбе муҳокимаи парвандаи як фармондеҳи нирӯҳои сарҳадӣ идома дорад, ки ба гуфтаи тафтишот, бо таҳдиду таҳқир як сарбозро ба худкушӣ расондаанд.

Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, аз соли 2014 ба ин тараф 11 мавриди марги сарбозон дар қисмҳои низомиро сабт кардааст.