Пешгирӣ аз вуруди як тоҷик ба Украина ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ
(last modified Sun, 07 Aug 2016 04:27:46 GMT )
Август 07, 2016 09:27 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз вуруди як тоҷик ба Украина ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Марзбонони украинӣ аз вуруди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо парвози Истанбул-Лвов ба ин кишвар омада буд ба гумони узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши сойти Авесто, Сергей Миленук-сухангӯи ниҳоди марзбонии Украина гуфтааст, ки ба далели вуҷӯди бархе овозаҳо дар мавриди узвияти ин шаҳрванди Тоҷикистон дар гурӯҳи террористии ДИИШ аз вуруди вай ба дохили қаламрави ин кишвар пешгирӣ ба амал омад ва ӯ бо нахустин парвоз ба Истанбул фиристода шуд.

Бо ин ҳол мақомоти марзбонии Украина аз ифшои исми ин шаҳрванди Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Бар асоси ин гузориш, мақомоти амниятии Украина ба чунин натиҷа расидаанд, ки ба эҳтимоли қавӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон узви гурӯҳи террористии ДИИШ мебошад ва дар кишвараш nаҳти таъқиби додгоҳӣ қарор дорад.

Аз сӯи дигар Созмони амнияти миллии Украина қаблан эълом карда буд, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Харков ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Истанбули Туркия омада буданд ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудаанд. Ин мақомот муддаӣ шудаанд, ки исми ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрести афроди таҳти таъқиби пулиси байналмиллал (Интерпол) қарор дорад.

Бар асоси гузориши мақомоти амниятии Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.