Таҳсили кӯдакони тоҷик дар мадрасаи мағзшӯии ифротиён
-
Ифротиён бар асари мазшӯӣ, кӯдаконро аз шириниҳои даврони тифлӣ маҳрум кардаанд.
Ҷангиёни тоҷик дар Афғонистон навори видеоӣ аз ҷараёни таҳсили як гурӯҳи ҳудудан 30 нафарии кӯдакони тоҷик дар як мадрасаи махфиро нашр кардаанд.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, дар ин видео дида мешавад, ки кӯдаконро дар ин мадраса мағзшӯӣ карда ва барои “ҷиҳод” омода месозанд.
Созмони ифротии дар Тоҷикистон мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” як навори 8-дақиқаиро бо номи “Ҷамоати Ансоруллоҳ дар пайи тарбияти атфол” нашр кардааст, ки дар он як марди ҷавони лаҳни гуфтораш шабеҳ ба зодаи Тоҷикистон, бо автомати Калашников, ҳамроҳи ду силоҳбадасти дигар дар як мадрасаи махфӣ бо як гурӯҳ кӯдакон, ки лаҳҷаи сӯҳбаташон аз зодаи Тоҷикистон будани онҳо гувоҳӣ медиҳад, намоиш дода мешавад.
Дар навор дида мешавад, ки дар ин мадраса тақрибан 30 кӯдак дар рӯи замин, ки ҳатто фарш ҳам надорад, таҳсил мекунанд.
Марди силоҳбадаст, ки худро намояндаи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” меномад ва барои назорати ҷараёни таҳсили ин кӯдакон омадааст, ба ин кӯдакон аз номи ин гурӯҳи тундрав ширинӣ тақсим карда, сипас бо онҳо дар бораи мавзӯҳои омӯхтаашон дар ин мадраса саволу ҷавоб мекунад.
Як қисми асосии ин саволу ҷавоб дар бораи “ҷиҳод” аст. Марди силоҳбадаст аз ин кӯдакон мепурсад: “Ҷиҳод, яъне чист?”
Яке аз кӯдакон тӯтивор чунин посух медиҳад: “Ҷиҳод, яъне харҷ кардани тоқат ва тавони худ дар роҳи ҷанг барои пирӯзии Ислом”.
Кӯдаки дигар “аз байн бурдани куфр, ширк ва фасод”-ро ҳадафи “ҷиҳод” ном бурда, сеюмӣ мегӯяд, ки “ҷиҳод имрӯз фарзи айн шудааст, чунки тамоми куффор дар ҷаҳон ба зидди Ислом бархостаанд”.
Устоди ин мадраса, ки зоҳиран марди афғонӣ аст, мегӯяд, ки ба кӯдакон дар ин ҷо асосан аз Қуръону фанҳои дигари мазҳабӣ дарс медиҳанд, вале ӯ эътироф мекунад, ки ба ин кӯдакони тоҷик “ҷиҳод”-ро низ таълим медиҳанд.
Навор бо лаҳзаи хатми дарс ва ба берун рехтани ин кӯдакон ба охир мерасад. Кӯдакон дар берун аз ҳама чиз, аз ҷумла аз ин “ҷиҳод”-е, ки ба мағзи маъсуми онҳо ҷой мекунанд, фаромӯш карда, лаҳзае чанд ба олами кӯдакии худ бармегарданд ва барфбозӣ мекунанд. Дар байни онҳо як кӯдаке ҳам дида мешавад, ки аз як пояш маҳрум шудааст.
Дар куҷо сабт шудани ин навор маълум нест, вале зоҳиран он дар сардии зимистон ва дар Афғонистон сабт шудааст, чунки устоди ин мадрасаи махфӣ бо гӯиши хоси мардуми Афғонистон ҳарф мезанад ва дар гӯиши кӯдакон ва ҷангиёни тоҷик низ таъсири забони дарӣ эҳсос мешавад.
Ҷомиашиносони тоҷик мегӯянд, гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади “тарбия”-и насли ояндаи ҷангиён, ин кӯдакони маъсумро аз шириниҳои даврони кӯдакиашон маҳрум кардаанд, ки ин худ ҷинояти андак нест.