Русия дар Тоҷикистон 20 мактаб месозад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i14880-Русия_дар_Тоҷикистон_20_мактаб_месозад
Русия дар Тоҷикистон 20 мактаб месозад, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 24, 2017 12:15 Asia/Dushanbe
  • Путин дастур додааст, ки сохти мактабҳо дар Тоҷикистон оғоз шавад.
    Путин дастур додааст, ки сохти мактабҳо дар Тоҷикистон оғоз шавад.

Русия дар Тоҷикистон 20 мактаб месозад, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ хоҳад буд.

Русия дар талош барои сохтани 20 мактаб дар Тоҷикистон аст ва дар ин бора пас аз анҷоми музокироти сарони ҳар ду давлат, Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия хабар дода гуфт: “Мо лоиҳаҳои марбут ба бунёди мактабҳоро таҳия кардаем, ки таълимашон ба забони русӣ хоҳад буд”.

Раиси ҷумҳурии Русия ба ҳукумат сипориш кардааст, ки ҳазинаи ин корро дар буҷет дар назар бигиранд то сохти мактабҳо дар Тоҷикистон оғоз шавад.

Вай афзуд, ин мактабҳо сармояи давлати Русия аст, аммо моликияташ ба Тоҷикистон вогузор мешавад ва зерсохтҳои он бо сармояи кишвари Русия эҷод мешавад. Ҳанӯз мизони сармоягузорӣ дар ин тарҳ мушаххас нест.

 Пеш аз ин, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия омодагӣ барои баррасии пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории ду кишвар дар бахши маорифро эълом ва изҳор дошт, дар муассисоти олии Русия 21 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки таҳсили 10 ҳазор нафари онҳо аз тариқи бурсия аст.