Март 24, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Дар размоиши муштарак беш аз 40 ҳазор сарбозу афсар ва низомиёни Тоҷикистону Русия ширкат мекунанд.
    Дар размоиши муштарак беш аз 40 ҳазор сарбозу афсар ва низомиёни Тоҷикистону Русия ширкат мекунанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории размоиши муштараки зиддитеррористии ин кишвар ва Русия дар ҳафтаи оянда хабар дод.

Нерӯҳои низомии Тоҷикистону Русия 27 –ум то 30 –юми марти соли ҷорӣ размоиши муштараки зиддитеррористӣ баргузор мекунанд.

Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин замина гузориш дод, ин тамринҳо рӯзи душанбе- 27-уми март оғоз шуда ва дар пойгоҳҳои “Лоҳур”, “Сумбула”, “Мумирак”, “Ҳарб-майдон”, “Ҳалқаёр” ва “Фахробод”-и Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар ин размоишҳо беш аз 40 ҳазор сарбоз, афсар, кормандон ва мақомоти низомии Тоҷикистону Русия ширкат мекунанд.

Аз ҷониби Русия пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар, мустақар дар Тоҷикистон ва Маркази низомии он ширкат мекунанд.

Баргузории ин размоиши муштарак дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Русия аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон, ба хусус дар манотиқи марзии ин кишвар бо кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ, ба вижа Тоҷикистон ҳамвора ибрози нигаронӣ мекунанд.

Ин барои бори чандум аст, ки нерӯҳои низомии Русияву Тоҷикистон размоишҳои муштарак баргузор мекунанд.