Даъвати Матвиенко аз Убайдуллоев барои сафар ба Русия
-
Валентина Матвиенко соли 2016 ба Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҷоизаи "Дӯстӣ”-и Русияро тақдим карда буд.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон рӯзи 25-уми март барои ширкат дар ҷаласаи 25-умин солгарди таъсиси Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ҳамсуд) ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар мекунад. Ин нахустин сафари ӯ ба хориҷ баъди барканориаш аз мақоми шаҳрдории Душанбе аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сайти “Ахбор”, Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба унвони раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва бо даъвати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи парлумони Русия ва ва Вячеслав Володин, раиси Маҷмаи парлумонии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба Петербург сафар мекунад.
Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, ки сафари Муҳаммадсаид Убайдуллоев то 29 март идома меёбад ва қарор аст, раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи 25-умин солгарди таъсиси Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил суханронӣ кунад.
Ин нахустин сафари хориҷии Муҳаммадсаид Убайдуллоев баъди барканориаш аз мақоми шаҳрдори Душанбе дар моҳи январ аст. Пеш аз сафар ба Петербург, Убайдуллоев ба сойти Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мусоҳиба кардааст, ки ин ҳам нахустин сӯҳбати вай бо матбуот баъди барканориаш аз мақоми шаҳрдорӣ мебошад.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар ин сӯҳбат бештар дар бораи роҳи тайкардаи Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ин 25 сол ва дастовардҳои ин ниҳод сӯҳбат кардааст. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон муътақид аст, баъд аз сари кор омадани Валентина Матвиенко, Маҷмаи байнипарлумонӣ рӯҳи дигар гирифта ва як силсила қарорҳое қабул шудааст, ки барои беҳтар шудани фаъолияти ин маҷмаъ хеле муссир аст.
Валентина Матвиенко моҳи октябри соли 2016 зимни сафараш ба Душанбе ба Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз номи давлати Русия ҷоизаи "Дӯстӣ”-ро тақдим карда буд.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ки аз соли 1996 раёсати шаҳрдории Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва аз шахсиятҳои хеле пурнуфуз дар арсаи сиёсии ин кишвар шумурда мешуд, рӯзи 12 январи соли ҷорӣ бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми муовинонаш ва раисони се ноҳияи тобеи Душанбе аз мақом барканор шуд. Ба ҷойи ӯ ба маснади шаҳрдории пойтахт писари калониии раисҷумҳури Тоҷикистон - Рустами Эмомалӣ нишаст.
Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар мақоми раиси Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон боқӣ монд ва тибқи Қонуни асосӣ, расман шахси дуюми ин кишвар ба ҳисоб меояд.