Март 26, 2017 19:47 Asia/Dushanbe
  • Афви муҳоҷирини тоҷикистонӣ дар Русия

Ҳукумати Русия шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро афв кард.

Ба гузориши "Центр Азия", Ҳукумати Русия он муҳоҷирини тоҷикистониеро, ки дар ин кишвар бидуни муҷаввизи корӣ ва ба сурати ғайриқонунӣ иқомату фаъолият мекарданд, афв кард. Бар ин асос, ҳама муҳоҷирине, ки дар Русия бидуни муҷаввиз фаъолият мекунанд, аз 25 март то 24 апрели имсол метавонанд барои дарёфти иҷозатномаи иқомату кор ба мақомоти муҳоҷирати Русия муроҷиат кунанд. Ҳукумати Русия ҳамчунин соири муҳоҷирини тоҷикистониеро, ки ба иттиҳоми нақзи бандҳои 4 (ду бор ва ё зиёда аз он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан) ва 8 (беш аз 30 шабонарӯз дар қаламрави Русия иқомат доштан)-и моддаи 26-и Қонуни федералии 114-и Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд, афв кард. 

Александр Калинин, як мақоми Комиссияи сиёсати муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки то кунун мавзӯи эъломи афв ба дасти марзбонон нарасидааст. Ба гуфтаи ин мақоми рус, афв бар пояи тавофуқи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.  

Барчасп