Коршиносон: Бояд ҳамкориҳои низомию амниятии Душанбе ва Маскав тақвият шавад
Рӯзи 27- уми март дар Тоҷикистон размоиши муштараки низомиёни тоҷику рус оғоз шуд.
Бар асоси иттилои равобити умумии Минтақаи марказии низомии Русия, низомиёни тоҷику рус дар ин размоиш роҳу равишҳои ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар пайкор бо гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯро озмоиш хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин нерӯи ҳавоии пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" партоби мӯшакҳои ҳидоятнашаванда ба ҳадафҳои заминӣ ва бомборони корвонҳо ҳангоми ҳаракат, паноҳгоҳҳо ва анбори ҷангафзорҳои гурӯҳҳои тундрави ҳаросафканро тамрин карда буданд.
Манобеи низомии Русия эълом кардаанд, ки размоиши ҷадид то таърихи 30-юми март идома хоҳад кард.
Бархе коршиносони тоҷик нақши Русия дар таъмини амнияти Осиёи Марказиро барҷаста медонанд ва муътақиданд, ки дар шароите ки таҳдидоти фаровоне аз қаламрави Афғонистон кишварҳои минтақаро таҳдид мекунад, бояд ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ миёни Душанбе ва Маскав низ тақвият шавад.
Бояд зикр кард, ки размоиши муштараки низомиёни русу тоҷик дар ҳоле оғоз шудааст, ки ҳамин рӯзҳо нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар размоише бо низомиёни амрикоӣ равишҳои пайкор бо гурӯҳҳои тундраву ҳаросафкани байналмиллалиро низ тамрин мекунанд. Размоиши низомиёни амрикоӣ ва нерӯҳои амниятии тоҷик то 7 апрел идома ёфта, дар он 150 намоянда аз Вазорати дифои Амрико ва 100 намоянда аз нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ширкат доранд.