Боздошти мудири шуъбаи ташхиси пизишкии Турсунзода
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15034
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти мудири шуъбаи ташхиси пизишкии ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 27, 2017 18:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мудири шуъбаи ташхиси пизишкии Турсунзода

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти мудири шуъбаи ташхиси пизишкии ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ташхиси пизишкии шаҳри Турсунзода боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, мудири шуъбаи ташхиси пизишкӣ ба иттиҳоми ироаи иттилооти дурӯғ зимни таҳқиқи марги як ҷавони 17-сола боздошт шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин пизишкро муаррифӣ накарда, аммо гуфтааст, ки ин пизишки 62-сола дар ҳоле ки медонист, духтари 17-солаи сокини Турсунзода ба зарби олоте монанд ба корд кушта шуда, иллати қатл ӯро худкушӣ эълом кардааст.