Афзоиши дубораи арзиши доллар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15052-Афзоиши_дубораи_арзиши_доллар_дар_Тоҷикистон
Бонкҳои тиҷории Тоҷикистон рӯзҳои ахир ба афзоиши дубораи арзиши доллар дар баробар сомонӣ, воҳиди пули миллии ин кишвар иқдом кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 28, 2017 05:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дубораи арзиши доллар дар Тоҷикистон

Бонкҳои тиҷории Тоҷикистон рӯзҳои ахир ба афзоиши дубораи арзиши доллар дар баробар сомонӣ, воҳиди пули миллии ин кишвар иқдом кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Озодагон", бонкҳои тиҷории Тоҷикистон, ахиран, дар тоблуҳои хариду фурӯши арз қимати ҳар долларро 8 сомонию 24-25 дирам муқаррар кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳафтаи қабл 5 дирам афзоиш ёфтааст. Афзоиши қимати доллар тайи рӯзҳои ахир дар ҳоле аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон арзиши расмии долларро дар баробари сомонӣ, пули миллии ин кишвар 8 сомонию 14 дирам таъйин кардааст. Аз сӯи дигар дар авоили моҳи феврали гузашта як доллар дар баробари 7 сомонию 90 дирам, то 7 сомонию 93 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо акнун дар марокизи бонкию молӣ 8 сомонию 24-25 дирам муомила мешавад.

Фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз набудани доллар дар марокизи бонкию молии ин кишвар шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки акнун пайдо кардани доллар дар марокизи бонкию молии қонунии ин ҷумҳурӣ кори душворе шудааст ва танҳо метавон аз шуъбаҳои бонкҳои хориҷӣ бо қимати болотару ба миқдори маҳдуд, он ҳам бо ироаи шиноснома ин навъ арзро харидорӣ кард.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон иллати афзоиши арзиши долларро тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар тақозои зиёд барои хариди он ва коҳиши мизони даромади ирсолии муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русия унвон мекунанд. Вале иқтисоддонони тоҷик яке аз далоили камбуди шадиди доллар дар ин кишварро коҳиши содироти коло ва маҳсулот ба хориҷ медонанд, ки мизони воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар камтар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2016 ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ ва коҳиши арзиши сомонӣ саррофиҳоро таътилу муомилоти арзро танҳо дар марокизи бонкию молии ин кишвар иҷоза дод.