Зарурати сохтани таъсисоти зербиноии ҷадиди энержӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 28 Mar 2017 05:11:35 GMT )
Март 28, 2017 10:11 Asia/Dushanbe
  • Зарурати сохтани таъсисоти зербиноии ҷадиди энержӣ дар Тоҷикистон

Бонки Рушди Авруосиё ба зарурати сохтани таъсисоти зербиноӣ (инфрасохтор)-и ҷадиди энержӣ дар Тоҷикистон ба далели афзоиши зарфияти содироти барқи ин кишвар дар ояндаи наздик таъкид кард.

Ба гузориши сойти Бонки Рушди Авруосиё, коршиносони ин ниҳоди молии минтақаӣ муътақиданд, ки ба далели оғози сохтмони садди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва хати КАСА-1000 Тоҷикистон ба эҷоди заминаҳои фаннии интиқоли барқ ба хориҷ ниёз дорад. Аз дидгоҳи коршиносон, оғози сохтмони садди 335-метрии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар моҳи октябри соли 2016 тавассути ширкат итолиёии “Салини Импреҷило”, ки мутааҳҳид шудааст, дар соли 2018 ду трубинаи нахустини ин нерӯгоҳро, ҳар як бо тавони тавлиди 600 мегаватт барқ ба баҳрабардорӣ бирасонад, тақозо мекунад, Тоҷикистон дар пайи эҳдоси таъсисоти зербиноии интиқоли барқи изофаи тавлиди худ ба Афғонистону Покистон бошад. Аз сӯйи дигар барои интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон тавассути хати КАСА-1000 сохтмони таъсисоти зербиноӣ байни ҷануби Қирғизистон ва шимоли Тоҷикистон барномарезӣ шудааст, ки ҳарду кишвар ба дунболи таъмини ҳазинаи молии ин тарҳ ҳастанд.

Баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо зарфияти тавлиди 3 600 мегаватт барқ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ин кишвар бо поён додан ба буҳрони камбуди барқ дар фасли сармо заминаи афзоиши содироти ин навъ энержиро ба хориҷ низ фароҳам созад.