Март 28, 2017 10:42 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки МАГАТЭ барои беасар кардани партобҳои ҳастаии даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон

Ҳайате аз Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ (МАГАТЭ) барои баррасии мавзӯи кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати беасарсозии партобҳои ҳастаии боқимонда аз даврони шӯравӣ дар ин кишвар ба вилояти Суғд сафар кард.

Ба гузориши сойти Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ, ҳайати коршиносони ин ниҳод дар ду шаҳрак, Истиқлол ва Деҳмой дар вилояти Суғд, ки аз умдатарин маконҳои дафни партобҳои ҳастаии боқимонда аз даврони шӯравӣ ҳастанд, мавзӯи эминӣ ва хатароти эҳтимолии зистмуҳитии ин маконҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар гузориши ин ҳайат таъкид мешавад, ки дар ҳоли ҳозир мавзӯи ихтисоси кӯмаки молии Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ ба Тоҷикистон барои беасарсозии партобҳои ҳастаии боқимонда аз даврони шӯравӣ дар қаламрави вилояти Суғд дар дастури кори ин ниҳод қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи русӣ аз омода шудани тарҳи Маскав барои ҳазинаи 734 миллион рубл бобати дафни зуболаҳои ҳастаии даврони шӯравӣ дар шаҳраки Истиқлоли Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд хабар дода буданд.

Коршиносони Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ мегӯянд, ки дар муддати беш аз 50 соли фаъолияти корхонаи тасфияи маъдани уран дар даврони шӯравӣ дар наздикии шаҳри Хуҷанд дар қаламрави шаш ноҳияи вилояти Суғд наздик ба 55 миллион тонна партоби ҳастаӣ дафн шудааст, ки ин амр метавонад ба муҳити зисти ин минтақа ва саломатии шаҳрвандон хисоратҳои зиёде ворид кунад.

Гуфтанист, маконҳои дафни партобҳои ҳастаии боқимонда аз он замон бидуни ҳифозату пӯшиши вижаи амниятӣ ба ҳоли хеш раҳо шудаанд, ки акнун хатарноктарин минтақа, шаҳраки Истиқлол ба ҳисоб меравад. Дар сурати рух додани ҳаводиси табиӣ, назири зилзила ва сел ин пасмондаҳои ҳастаӣ мумкин аст, бо обҳои зерзаминӣ махлут шавад.

Дар солҳои ахир, бинобар эъломи мақомоти беҳдоштӣ, афзоиши теъдоди афроди мубтало ба саратони хун дар бархе аз рустоҳои наздик ба маконҳои дафни ғайриэмини партобҳои ҳастаӣ дар навоҳии вилояти Суғд мушоҳида мешавад.