Размоиши муштараки Амрико ва Тоҷикистон
Март 28, 2017 17:10 Asia/Dushanbe
Вазорати дифои Амрико ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзи гузашта, размоиши муштаракеро оғоз кардаанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурун марзии Садо ва симои Эрон, дар ин размоиш, 150 нерӯи низомии мутахассиси амрикоӣ ва 100 нерӯи низомии тоҷикистонӣ мушорикат доранд.
Ин тамрини низомӣ, то ҳафтуми апрел идома хоҳад дошт.
Ҳадаф аз баргузории ин размоиш, иртиқои зарфиятҳои ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо терроризм дар минтақа ва афзоиши суботи минтақаӣ, эълом шудааст.
Тоҷикистон ҳамчунин рӯзи душанбе ба таври ҳамзамон размоиши муштараки зидди террористӣ бо Русияро дар се минтақаи омӯзиши низомии Тоҷикистон ва ду пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар оғоз кард, ки то 30 март идома хоҳад дошт.