Гарду ғубор ба Душанбе ҳам расид
Ба гуфтаи масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, гарду ғуборе ки осмони шаҳри Душанберо пӯшонидааст, то чанд рӯзи оянда идома хоҳад дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти "Азия плюс", маъмулан гарду ғуборе ки аз шимоли Афғонистон вориди Тоҷикистон мешавад ва ба "Боди афғонӣ" маъруф аст, се то чаҳор рӯз пойдор мемонад ва пас аз он ба тадриҷ аз шиддати олудагии ҳаво коста мешавад.
Аз сӯйи дигар, Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар рӯзҳои наздик дар ин кишвар афзоиши суръати бод, тӯфон, раъду барқ ва бориши шадиди борон пешбинӣ шуда ва шаҳрвандон бояд муроқиб бошанд.
Бо ин ҳол хонум Умеда Юсуфова, корманди Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ба далели афзоиши суръати бод ба мизони 17 то 22 метр бар сония, дар рӯзҳои наздик имкони иттисоли хутути барқ, осеб дидани сохтмонҳо ва худравҳо ва шикастани дарахтон вуҷуд хоҳад дошт, ки шаҳрвандон муваззаф ҳастанд тадюирҳои эминиро риоя кунанд.
Вай аз шаҳрвандон хостааст, ки дар рӯзҳои тӯфонӣ аз сафарҳои ғайризарурӣ худдорӣ карда то ҳадди мумкин аз хонаҳои хеш берун нараванд.