Март 29, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Поёни таҳқиқот дар бораи даргирии хунини гуристони Маскав бо ҳузури тоҷикон

Раёсати таҳқиқ ва бозрасии идораи полиси шаҳри Маскав бо эъломи поёни баррасии моҷарои даргирии хунини моҳи майи соли 2016 дар гуристони Хованское дар пойтахти Русия, ки бо мушорикати беш аз 300 нафар анҷом шуд, гуфт, ки як тарафи ин моҷаро коргарони тоҷик дар ин макон буданд ва иллати ин ҳодиса, талоши гурӯҳҳои мафияӣ барои ихроҷи тоҷикон аз ин гуристон будааст.

Ба иттилои сайти идораи полиси шаҳри Маскав, бо эъломи иттиҳом алайҳи 16 нафар аз афроди муттаҳам дар ин даргириҳо, ки се кушта ва 20 захмӣ барҷой гузошт, мудирияти ин макон ва гурӯҳҳои мафияиро ба унвони муқассир муаррифӣ кардааст .

Бар асоси ин гузориш, парвандаи ин афрод барои эъломи ҳукми ниҳоӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Дар миёни ин 16 муттаҳам, Юрий Чабуев, мудири вақти гуристони Хованское низ ҳузур дорад, ки ба гуфтаи мақомоти полиси Маскав, вай бо ҳадафи ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин макон бо кумаки гурӯҳҳои мафияии қафқозитабор ин даргирии хунинро тарроҳӣ ва иҷро кардааст .

Беш аз 200 коргари тоҷик дар ин гуристон ба унвони руфтагар, сангтарош ва қабркан фаъолият мекарданд, ки бо интисоби Юрий Чабуев ба симмати мудири гуристони Хованское, вай аз тоҷикон дархости афзоиши саҳми молӣ кардааст ва пас аз мухолифати онон барои тарсондан ва ихроҷи ин афрод аз гурӯҳҳои мафияӣ кумак гирифта, ки мунҷар ба ин даргирӣ шудааст .

Дар даргирии рӯзи 14 май соли 2016, ҳар 3 фарди кушташуда шаҳрвандон Тоҷикистон буданд, ки ба гуфтаи мақомоти полиси шаҳри Маскав, таҳқиқ барои ёфтани қотилони онҳо ҳануз идома дорад .