Март 29, 2017 16:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки дар рузҳои наздик дар ин кишвар резиши боронҳои шадид, раъду барқ ва вазиши бодҳои қавӣ дар назар аст.

Ин кумита бо истинод ба пешбинии ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон эълом кардааст, ки обу ҳавои бад тули се рз яъне аз 30-уми март то якуми моҳи апрел  идома хоҳад дошт ва аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки дар ин рузҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин рузҳо дар кишвар бориши боронҳои селосо, тунбод ва дар манотиқи куҳистони бориши барфи сангин пешбинӣ мешавад. Кумита ҳолатҳои фавҷулода ҳушдор додааст, ки бар асари ин боришот таҳдиди баландшавии оби дарёҳои Қизилсу, Оқсу, Обихингоб ва рудхонаҳои қаторкуҳи Ҳисор ва дар бархе манотиқи куҳистонӣ ва роҳҳо резиши тарма, сангреза ва омадани сел вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ, кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар дархост кардааст, ки дар ин рузҳо аз сафарҳои бемаврид, анҷоми корҳои саҳроӣ ва рафтан ба шикор худдорӣ намоянд.

Гуфтанист бар асари резиши тармаву сел тайи як моҳи гузашта дар Тоҷикистон 13 нафар ҷони худро аз даст додаанд. танҳо дар моҳи январи имсол дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар ҳудуди 250 тарма фаромадааст, ки бештари ин ҳолат ба вилояти Бадахшон рост меояд. Аз ҷумла, 152 ҳолат дар Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа, 22 ҳолат дар Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб сабт шудааст.

Дар маҷмуъ дар зарфи панҷ соли гузашта бар асари вуқуи ҳаводиси ғайримутарақиба 600млн долар хисорот ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шудааст.