Дар Бадахшони Тоҷикистон шаш манзил зери тарма монд
Март 29, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
Шаш манзили маскунӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон зери тарма монд.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, мақомоти масъул дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон эълом карданд, ки дар рӯзҳои 27 ва 28-уми март ба шаш хона ва ду мошинсарои хусусӣ бар асари фаромадани тарма осеб ворид шудааст. Фаромадани ин тарма дар пайи гарм шудани ҳаво ва тадриҷан боз шудани яху барфи кӯҳистон рӯх додааст.
Ба гуфтаи мақомоти вилояти Бадахшон, мардуми ин минтақа дар 70 соли гузашта чунин тармафароиро ба хотир надоштаанд. Ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ надоштааст, зеро сокинони ин хонаҳо қаблан ба маконҳои амн мунтақил шуда будаанд. Мизони дақиқи хисорот ба зудӣ эълом хоҳад шуд.