Март 30, 2017 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст

Бо вуҷуди азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни Русия ва Тоҷикистон вазири ҳамлу нақли Русия аз ҳал нашудани ихтилофи Маскав ва Душанбе дар ин замина хабар дод.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Максим Соколов гуфтааст, ҳанӯз ҳам бо мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар дар фаслҳои баҳору тобистон ба тавофуқ нарсидаанд. Ӯ гуфт, мебоист тарафи Тоҷикистон аз авохири моҳи марти соли ҷорӣ иҷозаи парвози ширкати ҳавоии "Ямал"-и Русияро ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз фурудгоҳи ҷадиди “Жуковский” содир мекард, аммо ин кор анҷом нашуд. Соколов таъкид кардааст, ки ба ғайр аз тамосҳои телефонӣ ва иртиботи интернетӣ бо мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳеҷ навъи музокироте барои ҳалли ин мавзӯъ надоштаанду таърихи мушаххасе низ барои гуфтугӯ ва поён додан ба ихтилофи дуҷониба таъйин нашудааст.

Ихтилофи Тоҷикистону Русия дар авоили моҳи ноябри соли гузашта дар заминаи интиқоли парвозҳои дуҷониба аз фурудгоҳи ҷадиди “Жуковский”, воқеъ дар ҳумаи Маскав буруз кард, ки бо таҳдиди Маскав ба қатъи иртиботи ҳавоӣ ҳаллу фасл шуд. Аммо дар авохири соли 2016 низ Русия бо ин иддао, ки идораи ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии "Ямал"-и Русия муҷаввизи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро надодааст, муҷаввизи парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон эйр"-ро лағв кард, ки ин мавзӯъ, мӯҷиби саргардонии теъдоди зиёде аз мусофирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург шуд. Пас аз дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз Тоҷикистон дар авохири моҳи феврали гузашта зоҳиран ду тараф бар сари азсаргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар миёни ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Аммо ахиран, вазири ҳамлу нақли Русия дубора мавзӯи ҳал нашудани ихтилофи Маскав ва Душанбе дар ин заминаро матраҳ кардааст.

Ба назари коршиносон, иллати умдаи ихтилофи Русия ва Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар ин аст, ки бештари парвозҳо дар масири ин ду кишвар дар ихтиёри Маскав қарор дорад ва қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба маротиб арзонтар аз нархи билети ширкатҳои Тоҷикистон мебошад.