Март 30, 2017 21:28 Asia/Dushanbe
  • Силоҳҳои нави артиши Русия дар Тоҷикистон озмоиш шуд

Вазорати дифои Русия мегӯяд, нирӯҳои ин кишвар дар ҷараёни машқҳои муштарак дар Тоҷикистон бори аввал комплексҳои нави ҷосусиву мухобиротии "Стрелетс” ва "Стрелетс-М” ва афзори низомии "Ратник”-ро озмоиш карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати дифои Русия, нирӯҳои бахши иктишофии пойгоҳи десанти ҳавоии мақараш дар вилояти Уляновск дар ҷараёни машқҳои муштараке, ки аз 27 то 30 март дар Тоҷикистон идома дошт, барои нахустин бор комплексҳои нави иктишофиву идорӣ ва мухобиротӣ (комплекс разведки, управления и связи (КРУС) "Стрелетс” ва "Стрелетс -М”-ро якҷо бо афзори низомии "Ратник” озмоиш карданд.

КРУС "Стрелетс” ва "Стрелетс – М”, ки аз соли 2007 дар корхонаи низомии "Радиоавионика” истеҳсол мешавад, як навъ компютери сайёр аст, ки интиқоли билофосилаи маълумот аз гурӯҳҳои мухталифи низомиро дар майдони набардро таъмин ва ин маълумоти расидаро тавассути фармондеҳи ин нирӯҳо билофосила дар харитаи ҷангӣ дарҷ мекунад. Тавассути ин афзор нирӯҳои Русия дар майдони набард метавонанд дар бораи шумори нирӯҳои душман, ҳаракати онҳо ва вазъ дар ҷабҳаҳои гуногун саривақт маълумот пайдо кунанд.

Дар машқҳои муштараки зиддитеррори Тоҷикистону Русия, ки рӯзи 27 март дар 5 тамрингоҳи Москва, Ҳарбмайдон, Мумирак, Лоҳур ва Самбулӣ гузашт, то 50 ҳазор нафар аз нирӯҳои Тоҷикистон ва то 2 000 аз нирӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия ва нирӯҳои изофии аз Русия интиқолёфта ширкат карданд.