Апрел 02, 2017 18:41 Asia/Dushanbe
  • Назар Мирзода, собиқ консули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург
    Назар Мирзода, собиқ консули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург

Консули собиқи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гуфтааст, ки мошини дипломатӣ қаблан ба ӯ тааллуқ дошта, барои интиқоли меҳмонони маҳфили наврӯзӣ дар ихтиёри Асрор Сафоев, намояндаи Палатаи савдо ва саноати ин кишвар қарор дошт.

Ба гузориши сойти «Ахбор», Назар Мирзода, собиқ консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таъкид кардааст, ки Асрор Сафоев, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ин шаҳр бар хилофи иддаояш аз масунияти дипломатӣ бархурдор нест. Ба гуфтаи Мирзода, мошини ёдшударо намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон харидорӣ карда ва бояд шумораи дипломатии он иваз мешуд, ки ин кор ба баъд аз Ҷашни Наврӯз вогузор шуда буд. Мирзода иллати вуқӯи тирандозӣ аз дохили ин мошинро муноқишаи Асрор Сафоев бо як шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳфили наврӯзӣ бо ангезаи шахсӣ унвон карда, ки мӯҷиби тавқифи ин мошин ва боздошти нафаре шудааст, ки тир кушодааст.

Ба гуфтаи манобеи полиси шаҳри Санкт-Петербург, шомгоҳи 31 март фарде ба номи Асрор М. аз дохили мошини мутааллиқ ба Назар Мирзода ба сӯйи як тоҷик, ки тобеияти дугонаи Русия ва Тоҷикистонро доштааст, бо таппончаи бодӣ чанд бор шиллик карда ва аз маҳалли ҳодиса фирор мекунад, ки пас аз таъқибу гурез пулиси Санкт-Петербург муваффақ мешавад, мошинро мутаваққиф кунад.

Гуфта мешавад, шаҳрванди захмии Тоҷикистон низ ба бемористон мунтақил ва пас аз дармон мураххас шудааст.

Назар Мирзода беш аз ҳафт сол масъулияти консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербургро бар уҳда дошт, то ин ки ду ҳафта қабл Давлаталӣ Назризода бо ифтитоҳи консулгарии расмии Тоҷикистон дар ин шаҳр ӯро иваз кард.