Апрел 02, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз баргузории намоишгоҳи омӯзишӣ дар Душанбе
    Ҷилавгирӣ аз баргузории намоишгоҳи омӯзишӣ дар Душанбе

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз баргузории сеюмин намоишгоҳи омӯзишии кишварҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории «Спутник», намояндагони 10 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ барои муаррифии барномаҳои омӯзишии хеш ба шаҳри Душанбе омада буданд ва мебоист ҳамзамон озмуни пазириши довталабонро баргузор мекарданд, аммо мақомоти интизомии шаҳри Душанбе аз баргузории ин намоишгоҳ ҷилавгирӣ карданд.

Хонум Манзура Ҷӯраева, баргузоркунандаи ин намоишгоҳ, мудири созмони ғайридавлатии “Multikid” гуфтааст, бар асоси барномаи ин намоишгоҳ, бояд аз миёни довталабони тоҷик афроди пазируфташуда дар ин озмун барои таҳсили илм ба донишгоҳҳои хориҷӣ муаррифӣ мешуданд ва масрафи омӯзиши онон ба уҳдаи донишгоҳҳо буд. Ба гуфтаи ӯ, аз қабл барои баргузории ин намоишгоҳ муҷаввиз гирифта шуда ва барои ҳузури яке аз мушовирони раисҷумҳури Тоҷикистон, муовини шаҳрдори Душанбе, муовинони вазири умури хориҷӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сафирони Амрико ва Англия низ даъватнома ирсол шуда буд.

Бар асоси ин гузориш, беш аз 500 ҷавон низ барои ширкат дар ин намоишгоҳ ибрози омодагӣ карда будаанд, аммо баргузоркунандагон маҷбур шудаанд, барномаҳои дурӯзаи марбут ба ин озмунро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд лағв кунанд.

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи иллати мамониат аз баргузории ин озмун тавзеҳ надодаанд.