Русия парвовзҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро маҳдуд кард
(last modified Mon, 03 Apr 2017 06:37:17 GMT )
Апрел 03, 2017 11:37 Asia/Dushanbe
  • Русия парвовзҳои ширкати

Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои он кишварро маҳдуд кардааст.

Ба иттилои сайти Вазорати нақлиёти Русия, ин вазорат парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон аз Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои он кишварро маҳдуд кардааст. Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 2 апрел бо пахши як хабарнома гуфт, ки ин маҳдудият сар аз соати 8:30 дақиқаи (10:30 ба вақти Душанбе) рӯзи душанбеи 3 апрел, оғоз хоҳад шуд.

Ин вазоратхона далели ин иқдомро ба «иҷро нашудани тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мавриди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Ямал"-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд», рабт додааст.

Ин вазорат ба протоколи гуфтушунидҳо миёни ниҳодҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон аз 27 январи соли ҷорӣ ишора кардааст, ки дар он ба ширкати "Ямал" иҷозаи чор парвоз аз Жуковский ба Душанбе ва се парвоз ба шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав соли гузашта баъди он оғоз шуд, ки мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский" ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надоданд. Ширкати "Ямал"-и Русия гуфтааст, Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар масири Жуковский - Хуҷанд ва Жуковский- Душанбе иҷозат надода, далел овардаанд, ки парвозҳои феълӣ барои таъмини талабот кофист.