Апрел 03, 2017 18:49 Asia/Dushanbe
  • Эъмоли маҳдудият алайҳи ширкати

Вазорати нақлиёти Русия бо иддаои нақзи қарордоди ҳавоӣ алайҳи ширкати ҳавойии Сомонэйри Тоҷикистон маҳдудият эъмол кард.

Дар баёнияи Вазорати нақлиёти Русия омадааст, ки ширкати ҳавонавардии ин кишвар аз рӯзи душанбе, 3 апрел алайҳи парвози ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба шаҳрҳои Русияро маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Ширкати ҳавонавардии Русия иллати ин тасмимро нақзи тааҳҳудоти ҷониби Тоҷикистон дар пайи иҷро нашудани дархости ширкати русии Ямал унвон кардааст. Вазорати нақлиёти Русия ёдовар шудааст, ки : "Бар асоси қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ, ҳеч маҳдудият барои парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои маҳаллӣ вуҷуд надорад".

Ширкати ҳавойии Сомонэйри Тоҷикистон низ рузи сеюми апрел бо нашри баёнияе зимни узрхоҳӣ аз муштариёни худ қатъи парвозҳои ин ширкат ба пойтахти Русияро тасдиқ кард. Ширкати Сомонэйр зимни изҳори тааасуф аз вуқуи ин моҷаро ба муштариёни худ ваъда додааст, ки пули билети онҳоро комилан пардохт хоҳад кард. Ба ҳамин тартиб аз рузи сеюми  апрел чор парвоз аз фурудгоҳи Душанбе ва се парвози ширкати Сомонэйр аз шаҳри Хуҷанд ба самти Маскав қатъ гардид.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав соли гузашта дар пайи он сар зад, ки мақомоти Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Русия иддао дорад, ки бар пояи протоколи музокирот миёни ниҳодҳои ҳавонавардии кишварии Русия ва Тоҷикистон аз 27 январи соли 2017 ва қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ, ҳамчунин ёддошти Вазорати умури хориҷаи Русия аз 1 сентябри соли 2016 ширкати ҳавопаймоии "Ямал" дувумин мусофирбари таъйиншуда аз тарафи Русия барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский муаррифӣ шудааст.

Гуфтанист масъулони ниҳоди ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои ҳалли мушкили пешомада  музокиротро бо Вазорати нақлиёти Русия оғоз кардаанд.