Апрел 04, 2017 09:29 Asia/Dushanbe
  • Муҳандиси рус ҷасадро дар кисаи плостикӣ ба берун аз шаҳр мунтақил ва дар ҷангалҳои атроф дафн кард.
    Муҳандиси рус ҷасадро дар кисаи плостикӣ ба берун аз шаҳр мунтақил ва дар ҷангалҳои атроф дафн кард.

Полиси Санкт-Петербурги Русия муҳандиси як ширкати сохтмониро ба иттиҳоми қатли як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт кардааст.

Ба гузориши сайти “Россбалт”, мақомоти полис эълом кардаанд, ки ин муҳандиси 53 -сола пас аз иртикоби ҷиноят фирор карда буд.

 Гуфта мешавад, ки ин муҳандиси рус ба мушовири 23 -солаи тоҷикистониаш 400 ҳазор рубл қарздор буда ва пас аз баҳс бар сари ин мавзӯъ, вай дар дохили худрави худ бо шиллики аслиҳаи бодӣ ба ноҳияи сари ин шаҳрванди тоҷикистонӣ, ӯро ба қатл расондааст.

Ин муҳандиси рус сипас ҷасадро дар кисаи плостикӣ ба берун аз шаҳр мунтақил ва дар ҷангалҳои атроф дафн карда, аммо пас аз дастгирӣ ба қатли мушовири тоҷикистонии худ эътироф кардааст.

 Созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия мегӯянд, ки ҳамасола дар пайи ҳаводиси мухталиф беш аз ҳазор нафар аз атбои ин кишвар дар Русия кушта мешаванд.

 

 

Барчасп