Апрел 05, 2017 09:47 Asia/Dushanbe
  • Дархост аз Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё

Ширкаткунандагон дар мизи гарди "Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё" дар Душанбе аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки ҳар чӣ зудтар барои пайвастан ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ иқдом кунад.

Ба гузориши сайти Азия-плюс, дар ин нишаст, ки бо ҳузури сафирон ва намояндагони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, иқтисоддонон ва таҳлилгарон ва кормандони масъули бахши иқтисоди давлати Тоҷикистон баргузор шуд, дар бораи дурнамои пайвастани ин кишвар ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ баҳс ва табодули назар шуд.

Олег Иванов сафири Белорус дар Тоҷикистон дар ин нишаст бо баршумурдани дастовардҳои ду кишвари Арманистон ва Қирғизистон пас аз пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, аз рушди қобили мулоҳизаи иқтисоди ин ду ҷумҳурӣ, афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии онон ва афзоиши ҷазби сармоягузории моли соири аъзо ба иқтисоди Ереван ва Бишкек хабар дод.

Ҷумъа Қодир Акиноев иқтисоддони қирғиз низ таъкид кард, ки бо узвияти кишвараш дар ин иттиҳодия, коргарони муҳоҷири ин ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи баробар бо шаҳрвандони Русия бархурдор шуда, пардохти ҳазинаи дарёфти иҷозаи кор ва иқомат барои онон бекор шуда, мизони даромади ирсолии онон ба кишварашон 40 дарсад дар соли 2016 афзоиш ёфта ва сармоягузорони Русия ва Қазоқистон ба Қирғизистон ворид шудаанд.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умров иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки мақомоти давлат дар Тоҷикистон бо тӯлонӣ кардани баррасии раванди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё фурсатҳои зиёдеро барои рушди бахши саноат ва кишоварзии ин ҷумҳурӣ аз даст медиҳанд. Ин дар ҳоле аст, ки имтиёзи муофияти коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз пардохти ҳазинаи дарёфти муҷаввизи кор ва иқомат дар Русия ва ҳаракати озодонаи ин афрод дар ин кишвар, сабаби афзоиши мизони даромади ирсолии онон хоҳад шуд.

Ҳамчунин Неъматулоҳ Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъкид кардааст, ки кишвараш дар ҳоли омӯзиши паёмадҳои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст.

Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд.