Коршиноси рус: Русия дар баҳси парвозҳо бо Тоҷикистон нармиш дошта бошад
-
ширкатҳои ҳавоии Русия 496 парвоз ба Тоҷикистон ва "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" тайи ин муддат танҳо 295 парвоз ба Русия анҷом додаанд.
Коршиноси руси масоили ҳамлу нақл бар зарурати нармиши Русия дар баҳси парвозҳо бо Тоҷикистон таъкид кард.
Ба гузориши "Спутник", Андрей Коморенко гуфт, Вазорати ҳамлу нақли Русия ба хотири манофеи молии кӯтоҳмуддат набояд ба зиёни ҳамкории баландмуддат бо Тоҷикистон дар заминаи парвозҳои дуҷониба амал кунад.
Ба гуфтаи вай, дархости парвозҳои изофӣ барои ширкатҳои русӣ аз фурӯдгоҳи ҷадиди "Жуковский" дар атрофи Маскав ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе, тавозуни мавҷуди парвозҳо миёни ин ду кишварро ба ҳам мезанад. Ин дар ҳоле аст, ки 63 дарсад аз парвозҳои Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои русӣ қарор дорад.
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки танҳо тайи ду моҳи ахир ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои мухталифи ин кишвар 496 парвоз анҷом додаанд. Аммо ду ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" тайи ин муддат танҳо 295 парвоз ба Русия анҷом додаанд, ки ин амр баёнгари саҳми болои тарафи русӣ дар парвозҳои дуҷониба аст.
Вазорати ҳамлу нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои 7 парвози ширкати ҳавоии "Ямал" ба Душанбе ва Хуҷанд аз рӯзи 3-юми апрел, парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" -ро мамнуъ кард.
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон бо 4 парвози ин ширкат ба Душанбе ва Хуҷанд мувофиқат карда буданд. Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки аз 6-уми апрели соли ҷорӣ 7 парвози ширкатҳои "Уралские авиалинии" ва "Ют-Эйр"-и Русия ба Душанбе ва Хуҷандро мамнуъ хоҳад кард.