Зилзилаи шадид шаҳри Машҳадро ларзонд
Апрел 05, 2017 12:44 Asia/Dushanbe
Заминларзае шадид ба қудрати шаш риштерӣ шаҳри Машҳад, дар устони Хуросони Разавӣ -шимоли шарқи Эронро ларзонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин заминларза соати 10:39-и дақиқаи имрӯз-чаҳоршанбе ҳаволии минтақаи Сафедсанг, дар ҷануби шарқи Машҳад ва дар умқи 10 километрии замин рӯй дод.
Заминларза дар шаҳрҳои Фаримон, Турбати Ҷом, Хоф, Турбати Ҳайдария ва Нишобур низ эҳсос шуд.
Чандин пасларза ҳам то кунун минтақаро ларзондааст.
Нерӯҳои имдодӣ дар Машҳад ва саросари устони Хуросони Разавӣ ба ҳолати омодабош даромадаанд.
То кунун аз хисорати эҳтимолии ин заминларза гузорише мунташир нашудааст.
Зилзила дар манотиқи ғарбии Афғонистон, аз ҷумла дар Ҳирот низ эҳсос шудааст.