Сафари ҳайате аз Тоҷикистон ба Русия барои ҳалли ихтилофоти парвозӣ
-
Гуфтугӯ барои поён додани ихтилофоти парвозӣ бо дархости Русия
Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз идораи ҳавопаймоии ин кишвар ба Русия барои гуфтугӯ дар поён додани ихтилофоти парвозӣ ба дархости ҷониби Русия хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории "Азия плюс", ин ҳайат рӯзи панҷшанбе, 6-уми апрел озими Маскав хоҳад шуд то дар музокира бо ҳамтоёни русии хеш роҳи ҳалле барои поён додан ба буҳрони ҷадиди парвозӣ миёни Тоҷикистон ва Русия пайдо кунанд.
Даври тозае аз ихтилоф бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон замоне оғоз шуд, ки Вазорати ҳамлу ва нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои 7 парвози ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд аз рӯзи 3-юми апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”- ро мамнуъ кард. Дар ҳоле Тоҷикистон бо 4 парвози ҷадиди ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд мувофиқат ва таъкид кардааст, ки ҷониби Русия аз ин парвозҳо суди фаровони молӣ касб мекунад, ки ба зиёни тарафи Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар вокуниш ба ин иқдом Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон низ эълом кард, ки аз рӯзи 6-уми апрели соли ҷорӣ 7 парвози ширкатҳои ҳавопаймоии “Уралские авиалнии” ва “Ют-Эйр”-и Русия ба Душанбе ва Хуҷандро мамнуъ хоҳад кард.
Ба гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии Тоҷикистон 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии ҷониби Русия қарор дорад.
Аксар аз коршиносон муътақиданд, ки боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ ин мушкилотро эҷод мекунад.