Боздошти 6 тоҷик дар минтақаи Сибири Русия ба иттиҳоми ифротигарӣ
-
Иқомати ин 6 шаҳрванди Тоҷикистон лағв ва онон аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд шуд.
Идораи Хадамоти амнияти федералии Русия дар вилояти Кемерово, дар минтақаи Сибир, аз боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротигарӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, дар баёнияи матбуотии ин идора гуфта мешавад, ки ҳангоми ҷустуҷӯ аз маҳалли иқомати ин афрод адабиёти таблиғотӣ бо мазмунҳои ифротгароӣ кашфу забт шуда ва онон муттаҳам ба интишори афкори тундгароёна мебошанд.
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки яке аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар вилояти Кемеровои Русия узви Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии ин кишвар мебошад ва 3 тан низ барои дарёфти муҷаввизи иқомат дар ин минтақа, иқдом ба таҳияи асноди тақаллубӣ кардаанд.
Бар асоси ҳукми додгоҳи маҳаллӣ, иқомати ин 6 шаҳрванди Тоҷикистон лағв ва онон аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд шуд.
Қаблан мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия аз боздошти 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми талош барои фурӯши силоҳ ва муҳиммот дар вилояти Самараи ин кишвар хабар дода буданд. Ҳамчунин дар соли гузаштаи 2016 даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия аз тариқ парвозҳои Туркия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт ва ба кишварашон истирдод шудаанд.