Дувоздаҳуним сол зиндон барои пайвастан ба ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15390-Дувоздаҳуним_сол_зиндон_барои_пайвастан_ба_ДИИШ
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба дувоздаҳуним соли зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 06, 2017 05:55 Asia/Dushanbe
  • Буттаев таҳти таъсири таблиғоти фаъоли диишӣ тасмим барои рафтан ба Сурияро гирифтааст.
    Буттаев таҳти таъсири таблиғоти фаъоли диишӣ тасмим барои рафтан ба Сурияро гирифтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба дувоздаҳуним соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванди ин кишвар ба исми М. Буттаевро ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба дувоздаҳуним сол зиндон маҳкум кард.

 Мақомоти ин додгоҳ гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2016 ба манзури кор ба Русия рафта ва дар вилояти Самараи ин кишвар аз тариқи интернет ва барномаи "Роҳнамоии сафар ба давлати исломӣ", бо фарде ба исми Муҳаммад Муовия, яке аз мубаллиғони фаъоли гурӯҳи террористии ДИИШ ошно мешавад.

 Буттаев бо қарор гирифтан таҳти таъсири таблиғоти ин фаъоли диишӣ тасмим ба рафтан ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи такфирии ДИИШ гирифтааст. Аз ин рӯ, Муҳаммад Муовия барои фароҳам кардани заминаи сафари ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия, барои вай дар масири Самара– Маскав- Кишинёв- Истамбул билети электронӣ таҳия мекунад. Аммо кормандони Хадамоти амнияти федерали Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо боздошт ва ба мақомоти қазоии кишвараш таҳвил додаанд.

Бар асоси гузориши мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон 1 ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки наздик ба 300 нафар аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.