Тоҷикистон дар нақшаи адабии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15398-Тоҷикистон_дар_нақшаи_адабии_ҷаҳон
Нашрияи бритониёии “The Independent” нақшаи адабии ҷаҳонро мунташир кард, ки дар он 197 кишвар аз саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон шомил шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 06, 2017 07:39 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар нақшаи адабии ҷаҳон бо китоби “Хуррамобод”, асари Андрей Волос муаррифӣ шудааст.
    Тоҷикистон дар нақшаи адабии ҷаҳон бо китоби “Хуррамобод”, асари Андрей Волос муаррифӣ шудааст.

Нашрияи бритониёии “The Independent” нақшаи адабии ҷаҳонро мунташир кард, ки дар он 197 кишвар аз саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон шомил шудааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нақшаи адабӣ ҳар кадом аз кишварҳо бо осори адабие муаррифӣ шудаанд, ки муаррификунандаи одобу русум ва фарҳанги мардуми онҳост.

Тоҷикистон дар нақшаи адабии ҷаҳон бо китоби “Хуррамобод”, асари Андрей Волос муаррифӣ шудааст.

Романи “Хуррамобод” соли 2000-ум тавассути нависандаи рус Андрей Волос, мутаваллиди соли 1955 дар шаҳри Душанбе, дар Маскав мунташир шуд.

Маҷаллаи “Новий Мир” муаллифи онро барои дарёфти ҷоизаи давлатии Русия пешниҳод кард, ки ин ҷоиза бо фармони Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба вай тақдим шуд.

 Андрей Волос дар ин китоб мегӯяд, “Хуррамобод”; шаҳри хушбахтӣ, баргирифта аз афсонаҳои форсӣ аст, ки дар мафҳуми он шаҳри Душанбе дар назар буда ва қаҳрамонони асар, сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд.

Кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Қазоқистон низ бо асарҳои Чингиз Айтматов – “Ҷамила” ва “Рӯзе тӯлонитар аз қарн” ва Русия низ бо китоби “Ҷанг ва сулҳ”, асари Лев Толстой дар нақшаи адабии ҷаҳон ҷой гирифтаанд.