Апрел 07, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Имзои созишнома байни Тошканду Душанбе ҷиҳати барқарор кардани равобити ҳавоӣ

Саранҷом тарҳи созишномаи анҷоми парвозҳои ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе аз сӯйи мақомоти музокиракунандаи ду кишвар дар пойтахти Узбакистон ниҳоӣ шуд.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 7-уми апрел бо эъломи ин хабар гуфтааст, акнун бо имзои ин созишнома заминаи ҳуқуқӣ барои анҷоми парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд фароҳам хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки зарфи ду моҳи гузашта чанд маротиба ахборе мабнӣ бар оғози парвозҳои ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд эълом гардид, аммо дар ҳар маврид ба далели набудани санади лозим ҷиҳати анҷоми парвозҳои байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон ин парвозҳо ба таъхир афтоданд. Вале сафири Узбекистон дар Тоҷикистон ахиран, рӯзи 4-уми апрел дар маросими муаррифии тавонмандиҳои ширкати ҳавоии “Узбекистон ҳаво йуллари” аз баргузории музокироти дуҷониба дар Тошканд хабар дода эълом карда буд, ки пас аз имзои созишномаи барқарории иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар парвозҳои муназзами миёни Тошканд ва Душанбе оғоз хоҳад шуд.

Коршиносони тоҷик низ аз гармии равобит миёни Душанбе ва Тошканд истиқбол мекунанд ва интизор доранд, ки бо сари кор омадани Шавкат Мирзиёев муносибати ду кишвар беҳтар шуда, масъалаи раводид ва рафтуомади мардум аз тариқи  роҳҳои заминӣ низ дар дастури кор қарор мегирад.

Гуфтанист, бар асоси эъломи мақомоти масъули ду кишвар, пас аз имзои созишномаи барқарории иртиботи ҳавоӣ қарор аст, аввалин парвози ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе 11-уми апрел анҷом шавад.