Апрел 08, 2017 09:24 Asia/Dushanbe
  • Содиқ Ортиқов гуфт, силоҳу муҳиммоти кашфшуда дар манзили маскунии ӯ мутааллиқ ба шаҳрванди дигари Тоҷикистон аст.
    Содиқ Ортиқов гуфт, силоҳу муҳиммоти кашфшуда дар манзили маскунии ӯ мутааллиқ ба шаҳрванди дигари Тоҷикистон аст.

Додгоҳи ноҳияи Басманнаи шаҳри Маскав ҳукми боздошти як шаҳрванди 39 солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаи инфиҷори террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург содир кард.

Ба гузориши “Спутник”, ин мақомот гуфтаанд, Содиқ Ортиқов ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳимот ва доштани тамосҳои телефонӣ бо Акбарҷон Ҷалилов, муттаҳами аслӣ дар ҳодисаи инфиҷори террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург боздошт шудааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои атрофи Маскав ба унвони ошпаз фаъолият мекунад, бо радди ин иттиҳомот гуфт, силоҳу муҳиммоти кашфшуда дар манзили маскунии ӯ мутаъаллиқ ба шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба исми Азизов аст ки дар ҳоли ҳозир барои гузарондани мурраххасӣ, дар ватанаш ба сар мебарад.

Вай таъкид кардааст, ки ҳатто давраи хидмати сарбозиро нагузарондаасту тариқи истифода аз маводи мунфаҷираву силоҳу муҳиммоти ҷангиро намедонад.

 Мақомоти Хадамоти амниятии федерали Русия мегӯянд, дар иртибот бо ҳодисаи инфиҷори террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 8 нафарро боздошт кардаанд, ки 6 тан дар ин шаҳр ва 2 нафар, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав дастгир шудаанд.

Рӯзи душанбеи гузашта вуқӯи ду инфиҷор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дастикам 14 куштаву ҳудуди панҷоҳ захмӣ барҷой гузошт.