Апрел 09, 2017 09:58 Asia/Dushanbe
  • Идомаи музокироти Русия ва Тоҷикистон дар бораи парвозҳо
    Идомаи музокироти Русия ва Тоҷикистон дар бораи парвозҳо

Манобеи вазорати ҳамлу нақли Русия аз идомаи гуфтугуҳои ҳайатҳои идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Тоҷикистон, барои поён додан ба ихтилофоти парвозӣ дар Маскав, дар рӯзи душанбе 10 апрели соли ҷорӣ хабар додаанд.

     Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, дар ин музокирот тарафҳо талош хоҳанд кард, то ба роҳи ҳалле барои лағви мамнуъияти парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ ва тоҷикистонӣ бирсанд ва ба буҳрони ҷадид дар иртиботи ҳавоии ин ду кишвар, поён диҳанд.

   Даври ҷадиде аз ихтилоф бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон замоне оғоз шуд, ки вазорати ҳамлу нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои 7 парвози ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд, аз рӯзи 3 апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро мамнуъ кард.

   Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон бо 4 парвози ҷадиди ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд мувофиқат ва таъкид кардааст, ки ҷониби Русия аз ин парвозҳо фоидаи фаровони молӣ касб мекунад, ки ба зиёни тарафи тоҷикистонӣ аст. Аз ин рӯ, дар вокуниш ба ин иқдом, вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон низ эълом кард, ки аз рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ, 7 парвози ширкатҳои ҳавопаймоии “хутути ҳавоии Урал” ва “ЮТэйр (UTair)”-и Русия ба Душанбе ва Хуҷандро мамнуъ мекунад. Вале мақомоти вазорати ҳамлу  нақли Тоҷикистон қабл аз сафари ҳайати ин кишвар ба Маскав барои поён додан ба ихтилофоти парвозӣ бо Русия, ин иқдоми хешро амалӣ накарданд.

   Ба  гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймои ҷониби Русия қарор дорад.

   Аксари коршиносон муътақиданд, ки боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеъи молии ширкатҳои ҳавоӣ ин мушкилотро эҷод мекунад. Игор Лякин-Фролов-сафири Русия дар Тоҷикистон, бо ибрози хушбинӣ ба натоиҷи музокироти Маскав гуфтааст, ки иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон барои Маскав ва Душанбе, аз аҳамияти зиёде бархӯрдор мебошад, ки сафари коргарони муҳоҷирони тоҷик асосан аз тариқи ҳавоӣ анҷом мешавад.