Ваъдаи сабукии молиёт ба афроди некӯкор дар Тоҷикистон
Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон ба фаъолони бахши хусусӣ ва афроди некӯкор ваъда додааст, ки дар сурати сохти манзили истиқомативу иншооти дигарро сохта, бепул (ройгон) дар ихтиёри давлат ё истифодаи умум бигузоранд, барои онон осонии андоз дода хоҳад шуд.
Ба гузориши сойти Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон, дар сурати сохти мактабу боғчаи бачагона, бемористон, дармонгоҳ ва дигар марокизи муҳимми иҷтимоӣ ва вогузарии ройгони онҳо ба ҳукумат, афроди некӯкор аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда ва аворизи роҳ бахшида хоҳанд шуд.
Мақомоти Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон, ҳадаф аз ин иқдомро ҷазби сармояи афроди некӯкор барои корҳои манфиати умумӣ дар кишвар унвон кардаанд.
Бар асоси арзёбии созмони “Total tax rate” дар аввали имсол мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дар садро ташкил медиҳад, ки ин рақам на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ баландтарин будааст.
Бахши хусусии Тоҷикистон аз ин вазъ ва таҳқиқу тафаҳҳуси даҳҳо ниҳоди давлатӣ аз фаъолияти худ, ба шиддат норозӣ аст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2013 барои фаъолони бахши хусусии ин кишвар тасҳилотеро пешбинӣ карда буд, аммо ба далели идомаи буҳрони иқтисодӣ ва молӣ дар кишвар ва касри буҷаи ҳукумат, ин барнома ба марҳалаи иҷроӣ нарасид.
Сафаралӣ Гулов, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки дар шароити идомаи буҳрони молии феълӣ дар Тоҷикистон, заминаи муоф кардани шаҳрвандон аз пардохти молиёт вуҷуд надорад, зеро яке аз роҳҳои асосии таъмини бахши даромади буҷаи давлат, пардохти молиёт аст.