Апрел 10, 2017 10:42 Asia/Dushanbe
  • 9 сол зиндон барои ҷазби афрод ба гурӯҳи террористии ДИИШ

Додгоҳи шаҳри Душанбе як сокини 24 солаи ноҳияи Исфараро ба иттиҳоми ҷазби 10 нафар аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ, ба 9 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сойти News-Asia.ru, Бахтиёр Солеҳов, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард, 10 нафарро ба узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, ҷазб ва ба Сурия ва Ироқ эъзом кардааст.

Мақомоти додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки пас аз боздошти Нусратуллоҳ Қодиров, ҳамсинфи Бахтиёр Солеҳов дар авохири соли 2016 дар марзи Туркия, ки қасди рафтан ба Сурия бо зану фарзандонашро дошт, ин фард шаҳодат дода, ки таҳти таблиғоти Солеҳов ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастааст.

Ба гуфтаи ин шоҳид, Бахтиёр Солеҳов ҳазинаи сафари ӯ ва хонаводаашро ба Сурия аз тариқи Туркия, таъмин кардааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон замоне, ки Бахтиёр Солеҳов авоили имсол аз Русия ба зодгоҳаш ноҳияи Исфара бозгашт, ӯро боздошт карданд.

Вай дар бозҷӯиҳо эътироф кардааст, 10 нафарро аз дохили Тоҷикистон ва Русия ба гурӯҳи террористии ДИИШ ҷазб ва заминаи рафтани онон ба Сурия ва Ироқ фароҳам кардааст.

Додгоҳ низ ба далели ҳамкории Солеҳов бо мақомоти додситонӣ ва эътирофаш ба иттиҳомоти эълом шуда, ӯро ба 9 сол зиндон маҳкум кард.

Бар асоси гузориши мақомоти Додситони кулли Тоҷикистон, як ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки наздик ба 300 нафар аз онон, дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

 

Барчасп