Апрел 10, 2017 12:50 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Масъулони кунунии Амрико низ дар ҳоли тақвияти ДИИШ ё гурӯҳе назири он ҳастанд.
    Раҳбари инқилоб: Масъулони кунунии Амрико низ дар ҳоли тақвияти ДИИШ ё гурӯҳе назири он ҳастанд.

Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори наврӯзии фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар арзёбии иқдоми ахири Амрико дар таҳоҷуми низомӣ ба Сурия, ҳовии нукоти муҳиме аст, ки дар таҳлили ин рӯйдод аз абъоди мухталиф дорои аҳамият аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, дар таҳлиле чандваҷҳӣ аз иқдоми моҷароҷӯёнаи ахири Амрико дар Сурия тасреҳ карданд, коре ки амрикоиҳо карданд, иштибоҳу хатое роҳбурдӣ аст ва онҳо дар ҳоли такрори хатои гузаштагони худ ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд, масъулони қаблии Амрико ДИИШ-ро ба вуҷуд оварданд ё ба он кӯмак карданд ва масъулони кунунии Амрико низ дар ҳоли тақвияти ДИИШ ё гурӯҳе назири он ҳастанд.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки хатари ин гурӯҳҳо дар оянда гиребони амрикоиҳоро хоҳад гирифт, афзуданд: “Аврупо имрӯз ба хотири ғалате, ки дар тақвияти такфириҳо анҷом дод, гирифтор аст ва мардум дар хонаву хиёбон амният надоранд ва Амрико низ дар ҳоли такрори ҳамон ғалат аст”.

Амрико дар ҳамлаи кимиёии машкуке, ки ҳафтаи гузашта дар минтақаи Хон Шайхун, дар Идлиб иттифоқ афтодааст, Димишқро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи мухолифон муттаҳам кард. Амрико дар тавҷеҳи таҷовуз ба Сурия иддао кард, ки ин ҳамларо ба қасди нобуд кардани тавони Сурия дар истифода аз силоҳи кимиёӣ анҷом дод, иддаое, ки аз асос бепоя аст.

Амрико дар ҳоле дар сафи аввали муддаиёни мубориза бо истифодакунандагони силоҳи кимиёӣ қарор гирифтааст, ки дар корномаи сиёҳаш ҷиноёти зиддибашарии бисёре, аз ҷумла дар истифодаву таъмини силоҳҳои кимиёии мавриди истифодаи ҷинояткорони ҷаҳонӣ ба сабт расидааст. Яке аз ин маворид ҷиноёте аст, ки дар ҳамалоти кимиёии Саддом алайҳи мардуми Эрону Ироқ дар даврони ҷанги таҳмилӣ сурат гирифт ва ҳазорон нафар дар Эрону Ироқ қурбонии силоҳҳои кимиёии эҳдоии кишварҳои ғарбӣ ба Саддом шуданд. Ҳанӯз ҳам зарродхонаҳои Амрико пур аз силоҳҳои кимиёӣ, микробӣ ва куштори ҷамъӣ аст ки баид нест боз ҳам дар ҷиноят алайҳи башарият ба кор раванд.

Дар воқеъ, ҷангсолорони ҳоким бар Амрико бо рӯҳиёте, ки доранд, аз ҳеч ҷинояте рӯйгардон нестанд. Ин ҳамон нуктае аст, ки Раҳбари муаззами инқилоб дар таҳлили рафторҳои Амрико, бад-он ишора карданд ва ёдовар шуданд, Амрико аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки дар замони ҷанги таҳмилӣ, ин силоҳҳоро дар ихтиёри Саддом қарор дод. Дар ин ҷинояти зиддибашарӣ давлатҳои риёкори аврупоӣ низ, ки имрӯз дар қазияи Сурия муддаии истифода аз силоҳҳои кимиёӣ ҳастанд, дар замони ҷанги таҳмилӣ хирворҳо силоҳи кимиёиро ба Саддом доданд то ӯ бо ин силоҳҳо ба ҷабҳаҳои Эрон ва манотиқи Сардашту Ҳалабча ҳамла кунад.

Бо дар назар гирифтани чунин савобиқе, ки дар таҳлили ин рӯйдод бояд гуфт, ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия дақиқан дар шароите аст, ки талошҳои Созмони милал барои музокироти Женева дар ҳоли ниҳоӣ шудан буд. Бо тавваҷуҳ ба ин нукта метавон ин фарзро дар назар гирифт, ки ин ҳамла бо ҳадафи сенариясозии Амрико барои мудохилаи бештар дар Сурия сурат гирифт. Дар воқеъ, аз диди Амрико танҳо як шок ва муҳаррикҳои низомии ғайримунтазира метавонад раванди таҳаввулоти Сурияро аз мадори аслии худ хориҷ кунад. Аз ин рӯ, ҳамлаи мушакии Амрико иқдоме аз қабл барномарезӣ шудааст, ки метавонад масири музокироти сиёсӣ дар Сурияро ба самти низомӣ бубарад. Ин иқдом ба таъбири Раҳбари муаззами инқилоб хатое роҳбурдӣ аст, ки Амрикоро гирифтори ботлоқе хоҳад кард, ки берун омадан аз он осон нахоҳад буд. Амрико бо вуруди ҷанҷолӣ ба ин моҷароҷӯии саволбарангез, ҳамаи қавонину муоҳидоти мубтанӣ бар ҳуқуқи байналмилалро ба чолиш кашид ва ин бидъате хатарнок барои минтақа ва кулли ҷаҳон аст, ки авоқиби он ғайриқобили пешбинӣ аст.