Шокирҷон Ҳакимов: Бештари персонали ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тобеияти Русияро доранд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15660
Ба дунболи ҷорӣ шудани тағйирот дар Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистон як коршинос гуфт, бештари персонали ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тобеияти Русияро доранд ва то ба ҳол ҳеч мавриде аз инсироф аз тобеияти дувум ба сабт нарасидааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 12, 2017 11:35 Asia/Dushanbe
  • Таъйини ҷарима барои афроди дорои душаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
    Таъйини ҷарима барои афроди дорои душаҳрвандӣ дар Тоҷикистон

Ба дунболи ҷорӣ шудани тағйирот дар Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистон як коршинос гуфт, бештари персонали ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тобеияти Русияро доранд ва то ба ҳол ҳеч мавриде аз инсироф аз тобеияти дувум ба сабт нарасидааст.

Доктор Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи “Независимая газета”, чопи Маскав гуфтааст, ҳадаф аз тасвиби Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта эҷоди рӯҳияи меҳанпарастӣ ва масъулятшиносии миллӣ миёни кормандони давлат, ба вижа дар ниҳодҳои ҳукуматӣ буд.

Вай афзуд, бо ин ҳол афроди машмули ин қонун тамоюли чандоне ба тобеият аз он нишон надоданд, зеро дар ин ҳолат аз имтиёзи доштани шаҳрвандии Русия маҳрум мешуданд, аз ин рӯ раҳбарияти Тоҷикистон маҷбур шуд бо эъмоли иловаҳову тағйирот, Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистонро ташдид кунад.

Бар асоси мазмуни Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистон, мақомоти дорои ду шаҳрвандӣ ҳастанд, бояд аз доштани тобеияти кишварҳои дигар сарфи назар кунанд.

Дар сурати тахаллуф аз ин қонун ва ҳифзи шаҳрвандии дувум, ҷаримаҳое аз ҳазор то ҳазору 500 сомонӣ, муодили 115 то 140 доллар ситонида хоҳад шуд.

Ҳамакнун 18 ҳазор нафар дар Тоҷикистон шомили Қонуни хадамоти давлатии Тоҷикистон ҳастанд.