Ташкили парвандаи ҷадид алайҳи Ёров ба иттиҳоми тавҳин ба раисиҷумҳур
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии ин кишвар, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба иттиҳоми ҷадиди тавҳин ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи нави ҷиноӣ ташкил доданд.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, хонум Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи ҳамсараш ба иттиҳоми ҷадиди тавҳин ба раиси ҷумҳурии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.
Қавонини ҷиноии Тоҷикистон барои афроде, ки ба иттиҳоми тавҳин ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима мешаванд, аз 2 то 5 сол маҳкумият ба зиндонро дар назар гирифтааст.
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон муддаиянд, ки Ёров бо интишори матлабе дар сомонаи "Паём", мутааллиқ ба мухолифони ин кишвар, ба раиси ҷумҳурӣ тавҳин кардааст.
Ин дар ҳолест, ки додгоҳе дар Тоҷикистон дар таърихи 15-уми марти соли ҷорӣ дар пайи муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии ин кишвар, 2 соли дигар ба 23 соли ҳукми маҳкумияти қаблии вай изофа кард.