Рушди туризм дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15728-Рушди_туризм_дар_Тоҷикистон
Тоҷикистон шомили кишварҳои сегонае шуд, ки дар бахши туризм пешрафти чашмгире ба даст овардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 13, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
  • Рушди туризм дар Тоҷикистон

Тоҷикистон шомили кишварҳои сегонае шуд, ки дар бахши туризм пешрафти чашмгире ба даст овардаанд.

Дар радабандии ҷадиде, ки аз сӯи форуми ҷаҳонии иқтисод дар бахши сайёҳӣ муаррифи шудааст Тоҷикистон дар миёни 136 кишвар ҷаҳон мавқеи 107 умро ба худ ихтисос додааст. Бар асоси ин радабандии ҷадид Тоҷикистон вориди ҳавзаи кишварҳое шудааст, ки давоми як соли ахир дар бахши гардишгарӣ ҷаҳиши фавқулодае доштаанд. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон пас аз Ҷопон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар мақоми сеюм қарор гирифтааст. Бар асоси раддабандии рақобатпазирӣ дар бахши туризм Русия дар ҷойи 43, Қазоқистон 81 ва Қирғизистон дар ҷойгоҳи 115-ум қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо нишондоди беҳтарин – 5,7 имтиёз-ро Тоҷикистон дар бахши “Амният” ва “саломату беҳдошт” ба даст овардааст. Дар ин таҳқиқ Нишондиҳандаи бади Тоҷикистон “Захоири фарҳангӣ ва сафарҳои тиҷорӣ” ва“Инфрасохтори бахши ҷаҳонгардӣ” ин кишвар муаррифӣ шудаанд.

Ҳусниддин Ғафурӣ-корманди анҷумани байналмилали форсизабонони ҷаҳон Пайванд зимни истиқбол аз касби ҷойгоҳи тозаи Тоҷикистон дар бахши Туризм афзуд, ки дар сурати такмили зерсохтҳои муосири гардишгарӣ ва эҷоди шароити муносиб Тоҷикистон метавонад дар ояндаи наздик ба як қутбӣ гардишгарӣ дар минтақа табдил шавад.

Ёдовар мешавем, ки Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар пайёми солонаи хеш дар авохири соли 106 мелодӣ бо ҳадафи равнақи бахши Туризм дар ин кишвар дастур дод, ки ниҳоди мустақиле дар бахши Туризм таъсис дода шавад.

Гуфтанист бино ба иттилои мақомот, дар ним солаи аввали соли 2016 мелоди беш аз 163 ҳазор нафар сайёҳ аз Тоҷикистон дидан карда аз ин ҳисоб ҳудуди 81 млн доллар суд ба ин кишвар ворид шудааст.