Раҳмон дар нишасти СПАД
(last modified Fri, 14 Apr 2017 16:13:35 GMT )
Апрел 14, 2017 21:13 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон дар нишасти СПАД

Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Бишкек ширкат кард.

Ба иттилоои расонаҳои русӣ, дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 14 апрел дар шаҳри Бишкек бо ҳузури раисҷумҳурҳои Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор шуд,  масоили рушди минбаъдаи СПАД ва густариши ҳамкориҳо дар бахши таъмини анмияти минтақаӣ баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, вазъи амниятӣ дар ҳудуди кишварҳои узви СПАД ва муқовимат бо таҳдидоти мавҷуд дар қаламрави кишварҳои узви созмон  аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишасти ғайрирасмии раисҷумҳурҳои СПАД будааст. Дар ҳамин ҳол, дар нишасти мазкур раисҷумҳурҳои кишварҳои узви СПАД бо иттифоқи ороъ аз таъини Юрий Хачатуров, намояндаи Арманистон ба мақоми дабири кулли ин созмон ҳимоят карданд.

Юрий Хачатуров фаъолияташро дар мақоми дабири кулли СПАД  2-юми майи соли ҷорӣ шурӯъ хоҳад кард. Хачатуров дар ин вазифа Николай Бордюжа, намояндаи Русияро иваз мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ҳоли ҳозир СПАД аз фаъолтарин созмонҳои минтақаӣ дар маҳдудаи кишварҳои собиқи шуравӣ дониста мешавад. Ин дар ҳолест, ки ахиран, хабаргузории расмии “Ховар” ба нақл аз телевизони “Мир” навишт, ки  Владимир Путин Раисҷумуҳри Русия дар мусоҳиба бо ин шабакаи телевизионӣ  гуфтааст, ки Маскав ба “инқилоби ранга” дар кишварҳои узви СПАД  роҳ надода, шариконашро дар ин созмонро дар муқобили талоши чунин инқилобҳо ҳимоят хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки айни замон Русия, Беларусия, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва  Қирғизистон узви СПАД буда, тибқи ин паймон, дар сурати таҳдиди ҳамла ё таҷовуз ба хоки яке аз кишварҳои узви СПАД  кишварҳои дигар узви созмон бояд ба он кишвар кумаки низомӣ расонанд.