Апрел 15, 2017 09:33 Asia/Dushanbe
  • Маскав бо ин пешниҳод мувофиқат кард то ҷониби Душанбе замони бештаре барои баррасии ин мавзӯъ дошта бошад.
    Маскав бо ин пешниҳод мувофиқат кард то ҷониби Душанбе замони бештаре барои баррасии ин мавзӯъ дошта бошад.

Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Русия аз таваққуфи 10 -рӯзаи музокироти парвозии ҳайатҳое аз идороти ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ва Тоҷикистон дар Маскав, ба дархости тарафи Душанбе барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир хабар доданд.

Ба гузориши “Спутник”, Валерий Акулов, муовини вазири ҳамлу нақли Русия гуфт, ҷониби Тоҷикистон дархости 10 -рӯзаи таваққуфи ин гуфтугӯҳоро кард, ки Маскав низ бо ин пешниҳод мувофиқат кард то ҷониби Душанбе замони бештаре барои баррасии ин мавзӯъ дошта бошад.

 Ба гуфтаи ин мақоми рус, музокироти парвозии Русияву Тоҷикистон аз рӯзи 22 –юми апрел дар Маскав аз сар гирифта хоҳад шуд то ҷонибҳо ба ихтилофот бар сари танзими ҷадвали ҷадиди парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавоии ду кишвар ба тавофуқ барисанд.

Даври тозае аз ихтилоф бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон замоне оғоз шуд, ки Вазорати ҳамлу нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои ҳафт парвози ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд, аз рӯзи сеюми апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон-Эйр”-ро мамнуъ кард.

Дар вокуниш ба ин иқдом, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ эълом кард, ки аз рӯзи шашуми апрел ҳафт парвози ширкатҳои ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ва “Ют-Эйр”-и Русия ба Душанбеву Хуҷандро мамнуъ хоҳад кард, аммо ин тасмим ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Ба гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қарор дорад, ки суди фаровоне барои ин ширкатҳо меоварад.