Нахустин омузишгоҳи роботсозӣ дар Душанбе таъсис шуд
Бар асоси тавофуқномаи байни созмони «Империяи Дониш»-и Тоҷикистон ва мактаби муҳандисии «Маскав», нахустин мактаби роботсозӣ дар шаҳри Душанбе таъсис шуд.
Маркази Империяи Дониш барои омӯзиши роботсозӣ, мутахассисон ва муҳандисони ин риштаро аз Русия ҷазб кардааст.
Омӯзгорони ин мактаб дар тӯли як ҳафта, тавассути ҳамтоёни руси худ омӯзиш диданд.
Ба эътиқоди бархе коршиносон дар оянда, роботҳо дар фаъолитҳои рӯзона дар канори инсонҳо қарор гирифта ва ба яке аз дастёрҳои онон табдил мешаванд, аз ин рӯ, кӯдакон аз имрӯз бояд барои вуруд ба чунин дунё омӯзиш бубинанд.
Вераника Коробкина, мудири кулли созмони “Империяи дониш” гуфт, вақте кӯдак натиҷаи кори дасти худро мебинад, талош мекунад, ки боз бештару беҳтар омӯзад ва ба дастовардҳои бузургтар ноил шавад.
Вай дар идома афзуд, 6 моҳ қабл мадориси муҳандисӣ ва роботсозӣ дар хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи маро ҷалб кард ва ман тасмим гирифтам, ки ин тарҳро ба маркази омӯзишии худ изофа кунам.
Вай тасреҳ кард, талоши маркази омӯзишии мо ин аст, ки кӯдакони тоҷик битавонанд дар ҳавзаи илм ва ихтироъ, омӯзиш дида ва ба муваффақият даст ёбанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон бархе аз кӯдакон ва навҷавонон дар ҳавзаи роботсозӣ ба муваффақиятҳое расиданд.
Суннатулло Қосимов навҷавони тоҷик дар сол 2015 роботе сохт, ки метавонад ба 3 забони зиндаи дунё, сӯҳбат кунад.