Нахустин муомилоти биржа дар Тоҷикистон анҷом шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i15796-Нахустин_муомилоти_биржа_дар_Тоҷикистон_анҷом_шуд
Нахустин муомилоти биржаи авроқи гаронбаҳои Осиёи Миёна, дар Тоҷикистон анҷом шуд ва авроқи баҳодори як бонк, дар аввалин соатҳо ба фурӯш рафт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 15, 2017 13:40 Asia/Dushanbe
  • Нахустин муомилоти биржа дар Тоҷикистон анҷом шуд

Нахустин муомилоти биржаи авроқи гаронбаҳои Осиёи Миёна, дар Тоҷикистон анҷом шуд ва авроқи баҳодори як бонк, дар аввалин соатҳо ба фурӯш рафт.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар соатҳои аввалияи кори биржаи авроқи баҳодори Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе, ба миқдори беш аз як миллион сомонӣ (ҳудуд 145 ҳазор доллар) авроқи вомбаргаҳои бонки «Эсхата» ба фурӯш рафт.

Алишер Шерназаров, раҳбари Биржаи фондии Осиёи Миёна, ки дар Тоҷикистон воқеъ аст, гуфт. баргаҳои саҳоми бонки «Эсхата» бо қимат 100 сомонӣ (15 доллар) ва баҳраи 22 дарсади солона ба фурӯш рафт.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 259 ширкату ҷамъияти саҳҳомӣ бо арзиши тақрибан 10 миллиард сомонӣ ё муодили 1 миллиарду 600 миллион доллар саҳмияву коғазҳои гаронбаҳои худро дар Вазорати молия сабт кардаанд, ки албатта миёни онҳо муомилае анҷом намешавад ва тиҷорати саҳом ва ин авроқ ба сурати пароканда ва нопойдор сурат мегирад.

Лола Салимова, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи нахустин маъракаи фурӯши коғазҳои қиматнок дар биржа гуфт, ин майдон шароит ва усулҳои наверо дар Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба муҳлатҳои бештар фароҳам меорад.

Бинои Биржаи фондии Осиёи Миёна дар ошёнаи севуми “Душанбе-Плаза” дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Тоҷикистон солҳо боз талош дошт, як бозори фурӯши саҳҳом ва ё биржаи фондиро фаъол кунад. Ҳукумат ҳанӯз соли 1992 заминаи қонуниро барои фаъол шудани чунин як биржа таъмин карда буд.

Билохира, дар соли 2015 ин марказ бо сармоягузории 35 миллион сомонии Маркази авроқи баҳодори Осиёи Миёна, таъсис шуд ва давлат барои равнақ бахшидан ба ин бахш, афроди фаъол дар бозори авроқи баҳодорро аз пардохти молиёт ба муддати панҷ сол муоф кард. Биржаи авроқи баҳодор бозори муташаккил ва худ интизом аст, ки авроқи он тавассути коргузорон ё муомилагарон тибқи қонун, мавриди доду ситад қарор мегирад. Биржаи авроқи баҳодор дар қолаби ширкати саҳомии ом, таъсис ва идора мешавад.